ХИЁБОНИ НАВ ДАР СУҒД
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).-Дар шаҳри Хуҷанд корҳои тарроҳӣ ва сохтмони хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ оғоз ёфт. Тавре ба мо сардори ҶСК «КСМ-119»-и шаҳри Хуҷанд Воҳид Юсупов хабар дод, дар бунёди ин иншоот сохтмончиёни ҷамъияти мазкур ва колоннаи сайёри механиконидашудаи 5-уми шаҳр саҳм мегузоранд. Барои бунёди хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 2 миллиону 630 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намудааст. Дар назар дошта шудааст, ки дар шафати ин хиёбон майдони калони теннисбозӣ ва ҳавзи шиноварӣ низ бунёд мегарданд. Бояд гуфт, ки иншооти мазкур то ҷашни 20 солагии Истиқлолияти ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода мешавад.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






