ХИЗМАТИ ШАРАФНОК
Суғд, 5 октябр. ( АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Қарзи ҳар шаҳрванд будани хизмат дар Артиши миллӣ мафҳумест, ки ифтихори миллӣ аз он сарчашма мегирад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод дар якҷоягӣ бо Комиссариати ҳарбии ноҳия ва падару модарони даъватшавандагон, инчунин, намояндагони аҳли ҷомеа, собиқадорон, занон ва ҷавонон барои гусели наваскарон ба сафи Артиши миллӣ вохӯрӣ доир намуд. Маҳз бурдани корҳои ташвиқотӣ дар мавриди дӯст доштани Ватану марзу буми он дар байни ҷавонони ноҳия буд, ки ҷавонони ғаюру далери ноҳия бо амри дил ба хизмати Артиши миллӣ сафарбар гардиданд. Ба даъватшавандагон собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайн хизмати содиқона ба Ватанро таманно намуданд.Онҳо изҳор намуданд, ки боварӣ доранд ин ҷавонон хизмати Модар-Ватанро ба ҷо оварда, бо рӯи сурх ба хона бармегарданд.