«ХУНИ САФЕД» ДАР САҲНАИ МАЯКОВСКИЙ
Душанбе, 18 октябр (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова) .- Шоми имрӯз 18 октябр дар театри ба номи В. Маяковский намоишномаи театрии «Хуни сафед» (Белая кровь), аз рӯи асари Лоренс Левассер "Белая кровь" намоиш дода мешавад, ки он дар чаҳорчӯби ифтитоҳи ҳафтаи Аврупо гузаронида мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Маркази фарҳангии «Бактрия» хабар доданд. Дар доираи чорабинии фарҳангии мазкур, ки бо сарпарастӣ ва иштироки фаъоли Маркази фарҳангии «Бактрия» доир мегардад, намоиши филми ҳуҷҷатӣ дар бораи намоишномаи театрии «Сагҳо» (Собаки), баргузории намоишгоҳ ва барномаи консертии «Наздик ба Аврупо» (Ближе к Европе), барномаи фароғатии аудио-визуалии «ларзиши мусиқӣ» ё ин ки барномаи консертии муштараки Ива Дормуа ва Антуана Бержо аз Фаронса ва гурӯҳи номдори тоҷик «Мизроб» дар назар аст. Ҳамаи чорабиниҳои ҳафта дар театрҳои ба номи В. Маяковский, «Падида», Кохи Ваҳдат ва дар худи Маркази фарҳангии «Бактрия» гузаронида мешаванд. Чун анъана дар чаҳорчӯби ҳафтаи Аврупо, ҳамчунин, ҳафтаи филмҳои аврупоӣ доир мегардад, ки он ба сокинони шаҳри Душанбе имконият медиҳад, аз 19 то 24 октябр дар толори хурди «Ҷомӣ» беҳтарин филмҳои синамогарони Аврупоро тамошо намоянд. Даромад ба ҳамаи чорабиниҳои ҳафтаи Аврупо ройгон аст. «Душанбегиҳо дар ин рӯзҳо метавонанд на танҳо шоду фараҳманд бошанд, балки шабҳои тирамоҳро хуш гузаронида, ҷаҳони ботинии худро бой ва ҷаҳонбиниашонро ғанӣ гардонанд» мегӯянд ташкилкунандагони ҳафтаи Аврупо.