КӮМАК БА ҚУРБОНИЁНИ НООРОМИҲО
Душанбе, 19 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо мақсади дастгирии маънавию молиявии оилаҳои афсарону сарбозони сокини шаҳри Душанбе, ки дар нооромиҳои охири минтақаи Рашт ба ҳалокат расиданд, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба имзо расонд. Тибқи он ба 7 нафар оилаи низомиёни қурбоншуда- подполковникҳо Рустам Розиқов, Абдуҷаббор Сатторов, лейтенант Ҷумъа Сангов, прапоршикҳо Мӯҳриддин Неъматов, Фурқат Бурҳонов, Сироҷиддин Ибодов ва Равшан Олимов кӯмаки молиявии яквақтаина аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ҷудо карда шуд. Ҳамзамон, масъулини Раёсати тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати расонидани хизматрасониҳои тиббии пайваста ва ба боғча фаро гирифтани фарзандони низомиёни ҳалокшуда чораҳои зарурӣ андешанд. Кӯмаки молиявии яқвақтаина бо ибрози тасаллият аз номи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҷониби муовини Раиси шаҳр Санавбар Раҳимова ва раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдуғаффор Рауфӣ ва Абдулҳамид Самадов ба пайвандони қурбоншудагон расонида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






