КОРМАНДОНИ КУМИТАИ АНДОЗ БО ҶУРМИ РИШВА МУТТАҲАМ МЕШАВАНД
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Дар фаъолияти кории Кумитаи андоз камбудиҳо зиёданд. аз қабили сатҳи пасти касбии кормандон, дуруст ба роҳ намондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо, баъзе қонуншиканиҳо аз ҷониби мутахассисони соҳаи андоз ва амсоли инҳо, ки имрӯз боиси нигаронӣ ва ташвиш шудааст», — тазаккур дод раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатов 25 октябр, зимни нишасти матбуотӣ. Н. Давлатов аз фаъолияти баъзе кормандонаш изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки дар давоми нӯҳ моҳи соли равон 4 нафар кормандони Кумитаи андоз бо ҷурми ситонидани ришва муттаҳам шудаанд, ки аз надонистани қонун ва сатҳи пасти касбии онҳо шаҳодат медиҳад. Ҷурм ва ҳукми ин нафаронро додгоҳ баъди тафтишот муайян хоҳад кард. Раиси Кумитаи андоз роҷеъ ба рабт доштани мақомоти андоз дар баста шудани рӯзномаҳои мустақил гуфт, ки: «баста шудани рӯзномаҳо ба фаъолияти мо ягон иртибот надорад. Санҷишҳое, ки аз ҷониби мутахассисони соҳаи андоз гузаронида мешаванд, санҷишҳои нақшавӣ буда, ин нақша пеш аз ҳодисаҳои водии Рашт тарҳрезӣ шудааст. То имрӯз дар шаш рӯзнома санҷиши нозирони андоз гузаронида шуда, дар дигар рӯзномаю маҷалла ва чопхонаҳо идома дорад. Ин тасмим ба он хотир роҳандозӣ шудааст, ки дар аксари вақт адади нашри рӯзномаҳо дақиқ нишон дода нашуда, ҳатто баъзе рӯзнома ё маҷалла ба қайди андоз умуман гирифта нашудааст». Ёдовар мешавем, ки дар давоми нӯҳ моҳи соли равон нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 107,2 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 1943,1 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷет 2083,4 миллион сомонӣ ворид карда шуд.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






