КОРМАНДОНИ КУМИТАИ АНДОЗ БО ҶУРМИ РИШВА МУТТАҲАМ МЕШАВАНД

Октябрь 25, 2010 12:13

Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Дар фаъолияти кории Кумитаи андоз камбудиҳо зиёданд. аз қабили сатҳи пасти касбии кормандон, дуруст ба роҳ намондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо, баъзе қонуншиканиҳо аз ҷониби мутахассисони соҳаи андоз ва амсоли инҳо, ки имрӯз боиси нигаронӣ ва ташвиш шудааст», — тазаккур дод раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатов 25 октябр, зимни нишасти матбуотӣ.    Н. Давлатов аз фаъолияти баъзе кормандонаш изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки дар давоми нӯҳ моҳи соли равон 4 нафар кормандони Кумитаи андоз бо ҷурми ситонидани ришва муттаҳам шудаанд, ки аз надонистани қонун ва сатҳи пасти касбии онҳо шаҳодат медиҳад. Ҷурм ва ҳукми ин нафаронро додгоҳ баъди тафтишот муайян хоҳад кард.    Раиси Кумитаи андоз роҷеъ ба рабт доштани мақомоти андоз дар баста шудани рӯзномаҳои мустақил гуфт, ки: «баста шудани рӯзномаҳо ба фаъолияти мо ягон иртибот надорад. Санҷишҳое, ки аз ҷониби мутахассисони соҳаи андоз гузаронида мешаванд, санҷишҳои нақшавӣ буда, ин нақша пеш аз ҳодисаҳои водии Рашт тарҳрезӣ шудааст. То имрӯз дар шаш рӯзнома санҷиши нозирони андоз гузаронида шуда, дар дигар рӯзномаю маҷалла ва чопхонаҳо идома дорад. Ин тасмим ба он хотир роҳандозӣ шудааст, ки дар аксари вақт адади нашри рӯзномаҳо дақиқ нишон дода нашуда, ҳатто баъзе рӯзнома ё маҷалла ба қайди андоз умуман гирифта нашудааст».    Ёдовар мешавем, ки дар давоми нӯҳ моҳи соли равон нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 107,2 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 1943,1 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷет 2083,4 миллион сомонӣ ворид карда шуд.

Октябрь 25, 2010 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид