ЛОИҲАИ ДУРНАМОИ НАВИ СИЁСАТИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Октябрь 13, 2010 15:12

     Душанбе, 13 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Нақши Парлумони ҷавонони Тоҷикистон дар ташаккули пояҳои давлатдории тоҷикон калон аст», гуфт зимни суханронияш Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов дар иҷлосияи дуюми Парлумони ҷавонони Тоҷикистон, ки дар Душанбе баргузор гардид. Дар иҷлосия 63 вакил аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, инчунин, донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт иштирок карданд.     Дар иҷлосия лоиҳаи дурнамои нави сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Зикр шуд, ки  аз ҳисоби вакилони ҷавон гурӯҳи ташаббускорро барои таҳлили ин лоиҳа таъсис дода, дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ вохӯриҳо гузаронида мешаванд. Ҳамзамон, Парлумони ҷавонони Тоҷикистон мақсад гузошт, ки хулосаҳои худро доир ба  лоиҳаи дурнамои нави сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор пешниҳод намояд.      Баргузории иҷлосияи навбатии Парлумони ҷавонони Тоҷикистон нимаи аввали моҳи апрели соли 2001 дар назар дошта шудааст.      Парлумони ҷавонони Тоҷикистон 24-уми майи соли равон бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Мо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» ва дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид. Мақсади он рушди парламентаризми ҷавонон ва мусоидат ба равандҳои демократикунонии ҷомеа дар Тоҷикистон, ташаккули мавқеи ҷавонон дар ҷомеа, ҳимоя ва тарғибу ташвиқи манфиатҳои ҷавонон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва муҳайё кардани шароит барои амалисозии потенсиали шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷавонон мебошад.

Октябрь 13, 2010 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд