М. РОСИЙД: «ИМКОНОТРО БА НАФЪИ ҲАР ДУ ДАВЛАТ БОЯД ИСТИФОДА БУРД»
Душанбе, 12 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаҳои тақвияти ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Индонезия дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо роҳбари ҳайати парлумонии Индонезия Муҳаммад Росийд Ҳидоят баррасӣ шуд. Шукурҷон Зуҳуров меҳмононро бо фаъолияти парлумони касбии Тоҷикистон шинос карда гуфт, ки вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат дар тӯли фаъолияти худ бо таҳия ва қабули қонуну қарорҳои муҳим дар рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа нақши муассир гузоштанд. Мавсуф ташрифи ҳайати парлумонии Индонезияро ба Тоҷикистон фоли нек номида, онро дар тақвияти ҳамкориҳои самарабахши ҳар ду кишвар қадами устувор арзёбӣ кард. Муҳаммад Росийд Ҳидоят иброз дошт, ки байни Тоҷикистону Индонезия имкониятҳои зиёди робитаҳо дар бахшҳои гуногун вуҷуд доранд ва бояд ин имкониятро ба нафъи миллату давлати ҳар ду кишвар самаранок истифода бурд.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






