МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМ ДАР ПАҲНОИ ИТТИҲОД

Октябрь 19, 2010 16:30

 Душанбе, 19 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар шаҳри  Душанбе ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС оид ба масъалаҳои сиёсати иқтисодӣ  таҳти сарварии  аъзои Кумитаи  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қаҳҳор Маҳкамов доир шуд.  Иштирокчиёни он 14 масъалаи мубрами мусоидатсозии заминаҳои қонунгузории кишварҳои аъзоро баррасӣ намуда, атрофи онҳо музокираҳои судманд баргузор намуданд. Масъалаҳои вобаста ба мушкилот ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи намунавии санади қонунгузорӣ «Оид ба фондҳои инвеститсионӣ», лоиҳаи Консепсияи асосҳои қонунгузории Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС дар бораи бозори қоғазҳои қимматнок, лоиҳаи тавсиявии мутобиқсозии қонунгузории кишварҳои аъзо дар соҳаи назорати андоз, бақайдгирӣ ва барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ташкили фазои ягонаи гумрукии Иттиҳоди гумрукӣ дар  паҳно ва чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС аз ҳамин қабил аст. Дар кори ҷаласа намояндагону коршиносони кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС иштирок карданд.

Октябрь 19, 2010 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд