МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМ ДАР ПАҲНОИ ИТТИҲОД
Душанбе, 19 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС оид ба масъалаҳои сиёсати иқтисодӣ таҳти сарварии аъзои Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қаҳҳор Маҳкамов доир шуд. Иштирокчиёни он 14 масъалаи мубрами мусоидатсозии заминаҳои қонунгузории кишварҳои аъзоро баррасӣ намуда, атрофи онҳо музокираҳои судманд баргузор намуданд. Масъалаҳои вобаста ба мушкилот ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи намунавии санади қонунгузорӣ «Оид ба фондҳои инвеститсионӣ», лоиҳаи Консепсияи асосҳои қонунгузории Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС дар бораи бозори қоғазҳои қимматнок, лоиҳаи тавсиявии мутобиқсозии қонунгузории кишварҳои аъзо дар соҳаи назорати андоз, бақайдгирӣ ва барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ташкили фазои ягонаи гумрукии Иттиҳоди гумрукӣ дар паҳно ва чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС аз ҳамин қабил аст. Дар кори ҷаласа намояндагону коршиносони кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС иштирок карданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






