МАВОДИ НАШЪА БА СОҲИБАШ НАРАСИД

Октябрь 15, 2010 11:41

Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  13-уми октябри соли ҷорӣ соати 16.30 дар к. Апланчуки шаҳри Чкаловск  автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» рақами давлатиаш АА 3554 02/РТ таҳти идораи ронанда Қурбонов Н. боздошт гардид, ки ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи мазкур аз бордонаш 1-адад халтаи селофанӣ дарёфт гардид. Дар дохили он маводи нашъадори ҳашиш буд, ки вазнаш 18 кг. 400 граммро ташкил дод. Дар ҳудуди маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони ШКД аз Қурбонов Нурмуҳаммад Неъмонович, соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи маҳаллаи Победа, х. 33, ҳ.1, оиладор, бекор, пеш бо моддаи 281 КҶ ҶТ суд шудааст, 2-адад халтаи селофанӣ, ки дар дохили онҳо маводи нашъадори ҳашиш, вазнаш 2 кг. 170 грамм буд, дарёфт ва мусодира гардид. Аз рӯи ҳодисаи мазкур бо моддаи 200 қ.4 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудаст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Маҳмадулло Асадуллоев-сардори  маркази матбуоти ВКД хабар дод.

Октябрь 15, 2010 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд