МУҲОКИМАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТ ДАР МАСКАВ
Маскав, 11 октябр (АМИТ ”Ховар”, Ҳалима Хушқадамова).- Пагоҳ, 12 октябр дар шаҳри Маскав мулоқоти роҳбарони баландпояю маъмури ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Созмони ҳамкории Шанхай ва СААД доир мегардад. Дар ин бора раиси Кумитаи иҷроия- котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ба хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» хабар дод. Сергей Лебедев афзуд, ки тӯли солҳои зиёд Кумитаи иҷроияи ИДМ ва котиботи СААД вобаста ба васеъ намудан ва таҳкими ҳамкориҳо бо ташкилотҳои дигари байналмиллалие, ки бо ҳам барои таъмини фазои амният фаъолият менамоянд, тадбирҳои амалӣ андешиданд. Тадбирҳои андешидашуда ба он оварда расонид, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар мулоқоти дар Алмаато баргузор гардида, дар қатори роҳбарони мақомоти иҷроияи ИДМ, СААД, Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, ҳамчунин, ҳайати роҳбарикунандаи НАТО, Иттиҳоди Аврупо, СММ ва САҲА иштирок намуданд. «Мо масъалаи ҳамкориҳоро оид ба самтҳои гуногун ба таври ошкоро баррасӣ намудем. Ҳамон вақт идеяи идома додани таҷрибаи гузаронидани чунин мулоқот тавлид ёфт. Мо боварӣ дорем, ки дар шаҳри Маскав дар ҳамин мулоқот дар мавриди таъмини амнияти байналмиллалӣ метавонем ба пуррагӣ сӯҳбат намоем», — зикр намуд Сергей Лебедов. Муншии генералии СААД Николай Бордюжа, Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев, котиби генералии Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё Тоҳир Мансуров, котиби генералии Созмони ҳамкориҳои Шанхай Муродбек Имоналиев дар рафти мулоқот вазъиятро дар минтақаҳои аврупоӣ ва саъю талоши ин ташкилотҳоро барои таъмини амнияти ин минтақа муҳокима менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






