МУЛОҚОТИ М.АСРОРӢ БО ФАРҲАНГИЁНИ РУСИЯ

Октябрь 9, 2010 11:44

    Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дирӯз вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ҳайати расмии Федератсияи Русияро таҳти роҳбарии муовини вазири фарҳанги ФР Константин Черепеников, ки бо мақсади баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон ташриф овардаанд, қабул намуд.     Зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои ҳарду кишвар дар соҳаи фарҳанг изҳори қаноматмандӣ намуда, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистонро саривақт ва муҳим арзёбӣ карданд.Зеро ин гуна чорабиниҳо дар мустаҳкам намудани дустии халқҳо саҳми калон мегузоранд.     Ҳамчунин, пас аз мулоқот бо вазири фарҳанги Тоҷикистон меҳмонон барои намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир карданд.    Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон бештар ба ҳамкории минбаъдаи театрҳои опера ва балет, китобхонаҳо ва сафарҳои ҳунарии ҳунармандони ҳарду кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.   Аз ҷумла, меҳмонон изҳор доштанд, ки оянда як гурӯҳи мутахассисони касбиро барои такмил ва рушди рақси балет ба Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ сафарбар намоянд.    Ёдрас мешавем, шоми 8 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиши расмҳои аккосони маъруфи рус ва расми ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Тоҷикистон бо барномаи калони консертии муштарак бо иштироки ҳунармандони Русия ва Тоҷикистон баргузор гардид.    Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд. 

Октябрь 9, 2010 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд