МУЛОҚОТИ М.АСРОРӢ БО ФАРҲАНГИЁНИ РУСИЯ
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дирӯз вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ҳайати расмии Федератсияи Русияро таҳти роҳбарии муовини вазири фарҳанги ФР Константин Черепеников, ки бо мақсади баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон ташриф овардаанд, қабул намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои ҳарду кишвар дар соҳаи фарҳанг изҳори қаноматмандӣ намуда, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистонро саривақт ва муҳим арзёбӣ карданд.Зеро ин гуна чорабиниҳо дар мустаҳкам намудани дустии халқҳо саҳми калон мегузоранд. Ҳамчунин, пас аз мулоқот бо вазири фарҳанги Тоҷикистон меҳмонон барои намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир карданд. Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон бештар ба ҳамкории минбаъдаи театрҳои опера ва балет, китобхонаҳо ва сафарҳои ҳунарии ҳунармандони ҳарду кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Аз ҷумла, меҳмонон изҳор доштанд, ки оянда як гурӯҳи мутахассисони касбиро барои такмил ва рушди рақси балет ба Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ сафарбар намоянд. Ёдрас мешавем, шоми 8 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиши расмҳои аккосони маъруфи рус ва расми ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Тоҷикистон бо барномаи калони консертии муштарак бо иштироки ҳунармандони Русия ва Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






