НӮҲ МОҲ БАРОИ ҶИНОЯТКОРОНИ ПОЙТАХТ
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори шӯъбаи ташкилӣ — назоратии Раёсати ВКД полковники милитсия Қудратулло Ғуломов, дар 9 моҳи соли 2010 дар шаҳри Душанбе 2318 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки беш аз 2 ҳазори он кушода шудааст. Ба гуфти Қ. Ғуломов, кушодашавии ҷиноят дар шаҳри Душанбе 92,4 фоизро ташкил медиҳад. Танҳо аз 23 –юми август то 30-юми сентябр дар шаҳри Душанбе 298 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин аллакай 283 ҷиноят кушода шуда, нисбат ба 15 ҷинояти кушоданашуда тафтиш бурда мешавад, ки аз инҳо 12-тояш дуздӣ, 2-тояш ғоратгарӣ ва 1 куштор мебошад. Зиёд шудани дараҷаи кушодани ҷиноят ба пурзӯр кардани назорати иҷрои хизмат аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД вобаста гардид. Ба гуфти Қ.Ғуломов шуурнокии шаҳрвандон низ ба кушодани ҷиноятҳо мусоидат мекунад. Шаҳрвандон дар бораи ҷиноятҳои содиршуда ба шӯъбаю раёсатҳои ВКД хабар медиҳанд ва гурӯҳи зудамал сари вақт ба ҷ ойи ҳодиса ҳозир мешавад. Муҳимаш он аст, ки аз аввали соли ҷорӣ вазъият дар шаҳр зери назорати махсус қарор дорад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






