НАҚША ИҶРО, БОЗОР ХОЛӢ
Душанбе, 11октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии мамлакат соли 2010 ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар майдони 3551 гектар картошка кишт намуданд, ки то имрӯз ҳосили 1244 гектари он ҷамъоварӣ гардидааст. Нақшаи истеҳсоли картошка соли ҷорӣ дар НТҶ 81 ҳазору 500 тонна пешбинӣ шуда, алҳол 25 ҳазору 265 тоннаи он ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 4 ҳазору 263 тонна зиёд мебошад. Ин фақат ҳисоби оморӣ аст. Агар аз рӯи нархи бозор ба ҷамъоварии картошка баҳо дода шавад, маълум мегардад, ки ин рақамҳо чандон боварибахш нестанд, зеро соли 2009 дар моҳи октябр нархи 1кг картошка 80 – 90 дирам ва аз ҳама сифатноктаринаш 1 сомонӣ арзиш дошт. Дар баробари ин, соли ҷорӣ ҳосилнокӣ ҳам нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 болотар (203,1 сентнер) аст. Аз ҳама тааҷҷубовар он аст, ки ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат ва Ҳисор нақшаи истеҳсоли картошкаро барзиёд иҷро кардаанд, ноҳияи Тавилдара иҷрои нақшаро ба 98 фоиз расонидааст. Пас нақшаи барзиёд иҷрошудаи картошка дар куҷо захира шудааст, дар мавриде, ки нархи 1 кг картошка дар дӯкону бозорҳои шаҳр 1 сомонию 50- 1сомонию 70 дирам ба савдо бароварда мешавад?








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






