НАҚША ИҶРО, БОЗОР ХОЛӢ

Октябрь 11, 2010 13:25

Душанбе, 11октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии  Вазорати кишоварзии  мамлакат  соли 2010 ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар майдони 3551 гектар картошка кишт намуданд, ки то имрӯз ҳосили 1244 гектари он ҷамъоварӣ гардидааст.    Нақшаи истеҳсоли картошка   соли ҷорӣ дар НТҶ 81 ҳазору 500 тонна пешбинӣ шуда, алҳол 25 ҳазору 265 тоннаи он ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 4 ҳазору 263 тонна зиёд мебошад. Ин фақат ҳисоби оморӣ аст. Агар аз рӯи нархи бозор ба ҷамъоварии  картошка баҳо дода шавад, маълум мегардад, ки ин рақамҳо чандон боварибахш нестанд, зеро соли 2009 дар моҳи октябр нархи 1кг картошка 80 – 90 дирам ва аз ҳама сифатноктаринаш 1 сомонӣ  арзиш  дошт. Дар баробари ин, соли ҷорӣ  ҳосилнокӣ ҳам нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 болотар  (203,1 сентнер) аст.             Аз ҳама тааҷҷубовар он аст, ки ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат ва Ҳисор нақшаи истеҳсоли картошкаро  барзиёд иҷро кардаанд, ноҳияи Тавилдара иҷрои нақшаро ба 98 фоиз расонидааст. Пас нақшаи барзиёд иҷрошудаи картошка дар куҷо захира   шудааст, дар мавриде, ки  нархи 1 кг картошка дар дӯкону бозорҳои шаҳр 1 сомонию 50- 1сомонию 70 дирам ба савдо бароварда мешавад?  

Октябрь 11, 2010 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад