НАССОҶОНИ ТОҶИК ДАР ИНТЕРТЕКСТАЙЛ
Душанбе, 18 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳайати намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ҷиҳати боздиди яке аз маъруфтарин намоишгоҳҳои ҷаҳонии нассоҷӣ – 16 –умин намоишгоҳи байналмилалии матоъ ва тавлидоти нассоҷии мавсум ба «Интертекстайл Шанхай -2010» субҳи 18 октябр вориди Шанхай гардид. Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази байналмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон, ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳадафи аслии ин сафар омӯзиш ва хариди намудҳои лозимаи матоъ ва дигар маводи хоми нассоҷӣ мебошад. Мавсуф меафзояд, ки ин сафар барои намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, то талаботи бозори ҷаҳонии маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагиро биомӯзанд ва бо тамоюлҳои замонавии ин бозор шинос бишаванд, бо тавлидкунандагони дигар кишварҳо дидор баргузор намуда, робитаҳои тиҷоратӣ барқарор намоянд. Намоишгоҳи «Интертекстайл Шанхай -2010» бузургтарин ҳамоиши тавлидкунандагони маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ба ҳисоб меравад ва дар он 2500 ширкат аз 20 кишвари дунё ба мисли Чин, Ҳиндустон, Индонезия, Олмон, Итолиё, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Таиланд, Туркия, Тайван бо шумули брэндҳои маъруфи ҷаҳонӣ ва иттиҳодияҳо ширкат намуда, маҳсулоти худро ба харидорон пешниҳод месозанд. Намоишгоҳи байналмилалии Интертекстайл Шанхай -2010 чор рӯз- аз 19-ум то 22-юми октябри соли идома меёбад. Алҳол, Чин бузургтарин истеҳсолкунандаву содиркунандаи либос ва маҳсулоти нассоҷӣ дар ҷаҳон мебошад.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






