НИГОҲЕ БА ИНКИШОФИ ТАЪРИХУ АДАБИЁТИ ТОҶИК

Октябрь 5, 2010 15:34

      Душанбе , 5 октиябр . ( «АМИТ «Ховар» , Сангзода Муслиҳиддин ) . — Китоби нави сарходими илмии институти илмӣ- тадқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Субҳон Амирқулов таҳти унвони «Нигоҳе ба инкишофи таърихии адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳр дар қарни ХIХ» аз ҷониби нашриёти «Ирфон» рӯи чоп омад.        Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо ва рӯйдодҳои дар таъриху адабиёти тоҷик дар қарни ХIХ рӯй додаро дар бар мегирад . Ҳадафи муаллиф мустаҳкам намудани савияи дониши назариявии донишҷӯён доир ба таъриху адабиёти тоҷик мебошад .  

Октябрь 5, 2010 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш