НИКОҲИ АВВАЛИН БО ШАҲРВАНДИ ЧИН

Октябрь 14, 2010 09:19

            Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти мудири шӯъбаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС)-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муқаддама Ҳошимова,  дар 9 моҳи соли 2010 дар ин вилоят 16 ҳазору 618 нафар шаҳрвандон ақди никоҳ бастанд, ки ҳамаи он дар  шӯъбаҳои  асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар давоми моҳҳои январ – сентябри соли 2010 ақди никоҳи 2 ҳазору 48 нафар шаҳрвандон бекор карда шудааст.             Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят ҳолати  ба 178 нафар шаҳрвандони хориҷӣ  ба шавҳар баромадани  занону духтарони тоҷик ба қайд гирифта шудааст.   Бештари занҳои аз ҷумлаи  ин 178 нафари ба шаҳрвандони хориҷӣ ба шавҳар баромада асосан  ҳамсарони худро аз шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия интихоб кардаанд.             Соли ҷорӣ  аз ин ҳисоб     як нафар зан  ба ҳамсарии худ як    шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чинро  интихоб намуда, бо  ӯ расман ақди никоҳ бастааст.

Октябрь 14, 2010 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд