НИКОҲИ АВВАЛИН БО ШАҲРВАНДИ ЧИН
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти мудири шӯъбаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС)-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муқаддама Ҳошимова, дар 9 моҳи соли 2010 дар ин вилоят 16 ҳазору 618 нафар шаҳрвандон ақди никоҳ бастанд, ки ҳамаи он дар шӯъбаҳои асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар давоми моҳҳои январ – сентябри соли 2010 ақди никоҳи 2 ҳазору 48 нафар шаҳрвандон бекор карда шудааст. Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят ҳолати ба 178 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба шавҳар баромадани занону духтарони тоҷик ба қайд гирифта шудааст. Бештари занҳои аз ҷумлаи ин 178 нафари ба шаҳрвандони хориҷӣ ба шавҳар баромада асосан ҳамсарони худро аз шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия интихоб кардаанд. Соли ҷорӣ аз ин ҳисоб як нафар зан ба ҳамсарии худ як шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чинро интихоб намуда, бо ӯ расман ақди никоҳ бастааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






