НИЁЗ БА КОРХОНАҲОИ КОРКАРДИ МЕВА
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). -Зимни нишасти матбуотӣ раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и ҷумҳурӣ Сироҷиддин Валиев оид ба фаъолияти нӯҳмоҳаи кормандони соҳа гуфт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот то имрӯз 63139 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1363 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамин давра 8177 тоннаро ташкил медиҳад.Аз ҷумла, сабзавот 4191 тонна, пиёз 4030 тонна, картошка 1987 тонна, меваи тару тоза 275 тонна, зироати полезӣ 537 тонна, ғалладона 1182 тонна. Дар соҳаи кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 848 нафар соҳиби ҷойҳои нави корӣ гардидаанд. Таъмиру барқарорсозии иншооти соҳа 5,9 млн. сомониро ташкил медиҳад. Дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар деҳаи Булёни Болои ноҳияи Данғара фурӯшгоҳи наву замонавӣ, дар ноҳияи Мӯъминобод мағозаи дуошёна, бозори марказии дорои 160 ҷойи нишаст ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯи шаҳри Хорӯғ, барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб 4 адад хонаи хушсохти наву замонавӣ ва як адад мағозаи хуштарҳ дар ноҳияи Ванҷ сохта ба истифода дода шуданд. Сироҷиддин Валиев ба суоли рӯзноманигор оид ба коркарди меваю сабзавот посух дода гуфт, ки имрӯзҳо меваю сабзавот дар минтақаҳои кӯҳистон беҳуда талаф ёфта истодаанд. Бо мақсади баръабас нарафтани меҳнати деҳконон чанд сол пеш мо дар ноҳияи Рашт корхонаи хурди шарбатбарорӣ ташкил намудем.Аммо афсӯс ,ки аз сабаби набудани барқи доимӣ дар ин минтақа фаъолияти корхона қатъ гардид. Гоҳ барқ мешаваду мева нест, гохе баръакс, мева хасту барқ нест. Аз ҷониби раёсати «Тоҷикматлубот» ба наздикӣ се адад коргоҳи мевахушккунӣ ва се адад дастгоҳи бастабандӣ аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид мегардад. Тавре Валиев зикр намуд, онҳо ният доранд, ки ин дастгоҳҳоро дар ноҳияҳои тобеи марказу минтақаи Кӯлоб ва минтақаи Раштонзамин ба истифодаи шаҳрвандон диҳанд.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






