НОҲИЯИ АШТ-ПЕШСАФИ МУСОБИҚА
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ҷамъбасти даври дуюми мусобиқаи маъракаи пахтачинӣ баргузор гардид. Тибқи иттилои сардори идораи кишоварзии вилоят Бобоҷон Домуллоев то имрӯз пахтакорони ноҳияи Айнӣ ва шаҳрҳои Конибодому Истаравшан нақшаи истеҳсоли пахтаро барзиёд иҷро кардаанд. Аз рӯи ҷамъбасти мусобиқа ҷои аввал насиби деҳқонони ноҳияи Ашт дониста шуд. Онҳо дар давоми 20 рӯз 2740 тонна ё ба андозаи 43,1 фоизи нақша ҳосил тайёр кардаанд. Ҷои дуюмро пахтакорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сазовор шуданд, ки дар ин давра 6 ҳазору 636 тонна ё ба қадри 41,5 фоизи нақша пахта ҷамъоварӣ намуданд. Байни хоҷагиҳо кишоварзони Ассотсиатсияи деҳқонии Домулло Азизови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 857 тонна ё ба қадри 61,2 фоизи нақша пахта ҷамъоварӣ намуда, ғолиби мусобиқа дониста шуд. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ вимпелҳои сайёр ва мукофотҳои пулиро ба маблағи 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ ва 1000 сомонӣ супорид. Қоҳир Расулзода бори дигар раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқониро вазифадор намуд, ки аз ҳамин рӯз эътиборан нархи чиниши пахтаро 60 дирам муайян намоянд.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






