НОМҶӮЙ АЗ САНГТӮДА ВА ИСТИҚЛОЛ БОЗДИД МЕНАМОЯД

Октябрь 1, 2010 11:07

Душанбе, 1 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои тақвияти ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар бахши энергетика зимни мулоқоти Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ва вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷиди Номҷӯй дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ба сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳар ду кишвар дар бахши энергетика баҳои баланд дода, дурнамои онро самарабахш арзёбӣ карданд. Бахусус, ҷараёни  босуръати корҳои сохтмониро дар НБО «Сангтӯда-2», нақби «Истиқлол» ва корҳои марҳилаи мутолиотию лоиҳакаширо дар нерӯгоҳи Айнӣ, аз густариши ҳамкориҳои ҳар ду давлат дар бахши энергетика маънидод карданд. Мавриди зикр аст, ки Вазири нерӯи Эрон Маҷиди Номҷӯй ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 8-уми муштараки Комиссияи  байниҳукуматии иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон ва ширкат дар ҷаласаи вазирони энергетика ва нафти кишварҳои ЭКО дар Душанбе қарор дорад. Назар ба иттилои масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусейн Ширхонӣ, 1 октябр Маҷиди Номҷӯй баъди мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз маҳали корҳои сохтмонӣ дар НБО «Сангтӯда-2» ва идомаи корҳои ба анҷомнарасидаи нақби «Истиқлол» дидан менамояд.

Октябрь 1, 2010 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд