ОҒОЗИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИИ ХОРИҶИИ ҶТ

Октябрь 13, 2010 08:29

Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе сохтмони бинои нави Вазорати корҳои хориҷии мамлакат ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз ёфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони маҷмааи бинои нави маъмурии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оғози расмӣ бахшид. Бинои нави маъмурии Вазорати корҳои хориҷӣ дар рў ба рўйи Қасри миллат қомат афрохта, як ҷузъи зебое аз маҷмааи биноҳои маъмурии   давлати Тоҷикистон дар маркази пойтахти мамлакат хоҳад буд. Тибқи лоиҳа ин бино аз 7 қабати рўйи замин ва зербино иборат буда, дар он тамоми идораҳои марказӣ ва назди вазорати мазкур ҷойгир карда мешаванд. Дар вақти сохтмон дар ин ҷо барои 200 нафар ҷойи корӣ муҳайё мегардад. Минбаъд дар ин бино то 300 нафар фаъолият хоҳанд кард. Муҳлат барои анҷоми пурраи сохтмони ин бинои зебои замонавӣ ду сол муқаррар шудааст. Сипас Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлўи рости Қасри миллат санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро дар ҷойи бунёди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, ба сохтмони он низ оғози расмӣ бахшид. Чунонки зикр гардид, баландии худи Нишони давлатӣ 5 метр ва бо пояаш 45 метр хоҳад буд. Нишони давлатӣ бо Парчами боҳашамати давлатии Тоҷикистон, ки дар паҳлўи чапи Қасри миллат бунёд меёбад, бояд то моҳи сентябри соли оянда, яъне то ҷашни 20 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон қомат афрохта, ба маҷмааи биноҳои маъмурӣ ва фарҳангии кишвар дар маркази пойтахт ҳусну намои тоза зам намоянд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдори  сатҳи ҷумҳуриявию шаҳрӣ баҳри ободу зебо ва кабудизор кардани атрофи биноҳо ва ҳамчунин ба мавзеи зебою дилкаши сайру гашти меҳмонону сокинони пойтахт табдил додани маркази шаҳри Душанбе дастуру ҳидоятҳо дод.

Октябрь 13, 2010 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд