ОҒОЗИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИИ ХОРИҶИИ ҶТ
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе сохтмони бинои нави Вазорати корҳои хориҷии мамлакат ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз ёфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони маҷмааи бинои нави маъмурии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшид. Бинои нави маъмурии Вазорати корҳои хориҷӣ дар рў ба рўйи Қасри миллат қомат афрохта, як ҷузъи зебое аз маҷмааи биноҳои маъмурии давлати Тоҷикистон дар маркази пойтахти мамлакат хоҳад буд. Тибқи лоиҳа ин бино аз 7 қабати рўйи замин ва зербино иборат буда, дар он тамоми идораҳои марказӣ ва назди вазорати мазкур ҷойгир карда мешаванд. Дар вақти сохтмон дар ин ҷо барои 200 нафар ҷойи корӣ муҳайё мегардад. Минбаъд дар ин бино то 300 нафар фаъолият хоҳанд кард. Муҳлат барои анҷоми пурраи сохтмони ин бинои зебои замонавӣ ду сол муқаррар шудааст. Сипас Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлўи рости Қасри миллат санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро дар ҷойи бунёди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, ба сохтмони он низ оғози расмӣ бахшид. Чунонки зикр гардид, баландии худи Нишони давлатӣ 5 метр ва бо пояаш 45 метр хоҳад буд. Нишони давлатӣ бо Парчами боҳашамати давлатии Тоҷикистон, ки дар паҳлўи чапи Қасри миллат бунёд меёбад, бояд то моҳи сентябри соли оянда, яъне то ҷашни 20 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон қомат афрохта, ба маҷмааи биноҳои маъмурӣ ва фарҳангии кишвар дар маркази пойтахт ҳусну намои тоза зам намоянд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдори сатҳи ҷумҳуриявию шаҳрӣ баҳри ободу зебо ва кабудизор кардани атрофи биноҳо ва ҳамчунин ба мавзеи зебою дилкаши сайру гашти меҳмонону сокинони пойтахт табдил додани маркази шаҳри Душанбе дастуру ҳидоятҳо дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






