ПАРЛУМОН ҚОНУН ДАР БОРАИ ОБИ ОШОМИДАНИРО ҚАБУЛ КАРД
Душанбе, 13 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-13 октябр вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он»-ро баррасӣ ва қабул карданд. Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмат Бобокалонов ва вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Латипов зимни шарҳи масъалаи мазкур зикр карданд, ки ҳадафи асосии ин қонун беҳтар сохтани вазъи таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ, солимии ҷомеа, мубориза бо бемориҳои гуногун, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва коҳиш додани мизони фавти одамон аст. Қонун кафолати ҳуқуқии қонеъгардонии талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро бо оби нӯшокӣ, асосҳои иқтисодии таъмини оби нӯшокӣ, кафолатҳои давлатиро оид ба таъмини оби ошомиданӣ ва асосҳои ҷавобгариро барои ҳуқуқвайронкунӣ дар бахши таъмини оби нӯшокӣ муқаррар менамояд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






