ПАРЛУМОН ҚОНУН ДАР БОРАИ ОБИ ОШОМИДАНИРО ҚАБУЛ КАРД

Октябрь 13, 2010 15:53

          Душанбе, 13 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-13 октябр вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он»-ро баррасӣ ва қабул карданд.          Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмат Бобокалонов ва вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Латипов зимни шарҳи масъалаи мазкур зикр карданд, ки ҳадафи асосии  ин қонун беҳтар сохтани вазъи таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ, солимии ҷомеа, мубориза бо бемориҳои гуногун, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва коҳиш додани мизони фавти одамон аст.      Қонун  кафолати  ҳуқуқии  қонеъгардонии  талаботи шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқиро бо оби нӯшокӣ, асосҳои иқтисодии таъмини оби нӯшокӣ, кафолатҳои давлатиро оид ба таъмини оби ошомиданӣ ва асосҳои ҷавобгариро барои ҳуқуқвайронкунӣ дар бахши таъмини оби нӯшокӣ муқаррар менамояд.

Октябрь 13, 2010 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид