САФАРИ ҲАЙАТИ ВАО-И ТОҶИКИСТОН БА ХОРИҶА

Октябрь 20, 2010 14:03

       Душанбе, 20 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайати намояндагони васоити ахбори  оммаи Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар 17-умин намоишгоҳи байналмилалии матбуот ва хабаргузориҳо, ки муддати 10 рӯз -аз 25 октябр то 3 ноябр дар Теҳрон баргузор мегардад, ба ин кишвар сафар мекунанд.      Намояндаи масъули бахши матбуот ва фарҳанги Сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусайн Ширхонӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳайати ВАО-и Тоҷикистон, ки аз 15 нафар сармуҳаррирону ноибони сармуҳаррирони нашрияҳои «Имрӯз Нюз», «Наҷот», «Курьер Таджикистана», «Минбари халқ», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Азия -плюс», «Садои мардум», «Адабиёт ва санъат», «Ҷумҳурият», «Чархи гардун»,  хабаргузории АМИТ «Ховар» ва маҷаллаи «Фирӯза» иборат аст, 23 октябр ба Эрон мераванд.         Мақсад аз баргузории намоишгоҳ тавсеаи ҳамкориҳо байни васоити ахбори оммаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон буда, намояндагони ВАО таҷриба ва фаъолияти худро муаррифӣ месозанд. Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ намояндагони ВАО-и 60 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.    Дар назар аст, ки ҳайати намояндагони ВАО-и Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ ва вазири фарҳанги ин кишвар Ҳусайнӣ мулоқот карда, бо фаъолияти симо ва садои Эрон ва бархе аз нашрияҳои он шинос мегарданд. Инчунин, боздид аз осори таърихию фарҳангии шаҳрҳои Шерозу Исфаҳон ва Теҳрон дар назар дошта шудааст.

Октябрь 20, 2010 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд