САФАРИ ҲАЙАТИ ВАО-И ТОҶИКИСТОН БА ХОРИҶА
Душанбе, 20 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайати намояндагони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар 17-умин намоишгоҳи байналмилалии матбуот ва хабаргузориҳо, ки муддати 10 рӯз -аз 25 октябр то 3 ноябр дар Теҳрон баргузор мегардад, ба ин кишвар сафар мекунанд. Намояндаи масъули бахши матбуот ва фарҳанги Сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусайн Ширхонӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳайати ВАО-и Тоҷикистон, ки аз 15 нафар сармуҳаррирону ноибони сармуҳаррирони нашрияҳои «Имрӯз Нюз», «Наҷот», «Курьер Таджикистана», «Минбари халқ», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Азия -плюс», «Садои мардум», «Адабиёт ва санъат», «Ҷумҳурият», «Чархи гардун», хабаргузории АМИТ «Ховар» ва маҷаллаи «Фирӯза» иборат аст, 23 октябр ба Эрон мераванд. Мақсад аз баргузории намоишгоҳ тавсеаи ҳамкориҳо байни васоити ахбори оммаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон буда, намояндагони ВАО таҷриба ва фаъолияти худро муаррифӣ месозанд. Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ намояндагони ВАО-и 60 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард. Дар назар аст, ки ҳайати намояндагони ВАО-и Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ ва вазири фарҳанги ин кишвар Ҳусайнӣ мулоқот карда, бо фаъолияти симо ва садои Эрон ва бархе аз нашрияҳои он шинос мегарданд. Инчунин, боздид аз осори таърихию фарҳангии шаҳрҳои Шерозу Исфаҳон ва Теҳрон дар назар дошта шудааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






