ТАЛАБОТ БА ҚУВВАИ КОРӢ МЕАФЗОЯД

Октябрь 13, 2010 13:28

            Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар охири        моҳи августи соли ҷорӣ дар Хадамоти шуғли аҳолӣ 65,1 ҳазор нафар корталаб ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 8,6 фоиз ва нисбат ба сатҳи моҳи июли соли 2010  0,7 фоиз зиёд аст.             Дар моҳи августи соли 2010   4,2 ҳазор нафар муроҷиаткунандаҳо барои таъмини кор дар қайди Хадамоти шуғли аҳолӣ гузошта шуда буданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 – 3 фоиз зиёд мебошад.  Дар ин давра 2,4 ҳазор нафар бекорон бо кор таъмин  шуданд, ки ин баробари 58,9 фоизи   муроҷиаткунандагон барои  корро ташкил медиҳад.             Шумораи ҷойҳои холии кор, ки корхонаҳо ба Хадамоти шуғли аҳолӣ муроҷиат кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли 2009  8,3 фоиз кам шудааст.             Дар соли ҷорӣ ба 1 ҷойи холии кори арзшуда 5,2 нафар талабгор муроҷиат намудааст, ки он дар соли 2009 ба 4,3 нафар рост меомад.  

Октябрь 13, 2010 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд