ТАЪМИНИ МАЪЮБОН БО АРОБАЧАҲО

Октябрь 12, 2010 17:12

Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шӯъбаи робитаҳои байналмиллалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд,  дар нӯҳ моҳи соли 2010 аз ҷониби муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоии тобеи Агентӣ ба 19560 нафар аз рӯи ҳамаи самтҳо хизматҳои иҷтимоӣ расонида шуд. Аз ҷумла, бо шароити статсионарӣ 1468 нафар, бо шароити хона 5124 нафар, бо аробачаҳои маъюбӣ 702 нафар, бо протезҳои пою даст, пойафзолҳои ортопедӣ ва асобағалҳо 5599 нафар таъмин гардидаанд. Бояд зикр намуд, ки дар ин давра хизматрасонии иҷтимоӣ ба ниёзмандон васеъ гардида, теъдоди шаҳрвандони ба ин хизматрасониҳо фаро гирифташуда ба маротиб афзудааст, ки ин далели тақвияти фаъолият дар ин самт ва эътимоди рӯзафзуни ниёзмандон ба хизматҳои иҷтимоии давлатӣ мебошад. Ҳамчунин, дар давоми нӯҳ моҳи соли 2010 Агентӣ бо мақсади танзими масъалаҳои муҳоҷирати аҳолӣ тибқи нақша 840 оилаи муҳоҷирони дохилӣ, 497 оила аз мавзеи зериобмонии НБО «Роғун» ва аз минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ хавфнок бошад, 145 оила ба мавзеи нави зист кӯчонида шудаанд. Дар ин муддат ба ин муҳоҷирони кӯчонидашуда дар маҷмӯъ 2682000 сомонӣ қарзи имтиёзнок ва 126600 сомонӣ кӯмаки яквақта пардохта шуд.

Октябрь 12, 2010 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад