ТАЪСИСИ МАРКАЗИ РЕИНТЕГРАТСИЯ

Октябрь 22, 2010 09:37

             Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати  меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират ва муносибатҳои байналмилалии соҳавӣ ва ҷамъиятӣ ин таҳияи чорабиниҳо ва барқарор сохтани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо  дигар ташкилоти байналмилалӣ мебошад,- иброз дошт сардори шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии мазкур Абдуллоҳи Қодирӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».             Бо мақсади татбиқи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ҳамоҳангӣ бо Агентӣ оид ба ҳамкорӣ ва рушди техникӣ (ACTED) Меморандум оид ба ҳамкориро ба имзо расонид.             Бо назардошти фаъолияти якҷоя ҷиҳати таъсис додани Маркази реинтегратсия дар соҳаи Агентӣ дирӯз маросими ифтитоҳи ин Марказ доир гардид.             Мақсад аз таъсиси  маркази мазкур, дастгирии рушди иҷтимоӣ ва касбии реинтегратсионӣ, баҳодиҳии малакаи касбӣ, ба шуғл фарогирӣ, дастгирии рушди тиҷорат ва барномаҳое мебошанд, ки  дар мавриди бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ шароити мусоид фароҳам меоранд.  

Октябрь 22, 2010 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд