ТОЗАГӢ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ

Октябрь 26, 2010 10:35

Душанбе, 26 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Маркази назорати давлатии  санитарӣ -эпидемиологии ноҳияи Ҳисор ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ дар ин давра беш аз 50 санҷиши муштарак  гузаронида, бархе аз камбудию мушкилоти дар ин самт ҷойдоштаро ошкор ва бартараф сохт. Санҷишҳо дар якҷоягӣ бо  намояндагони  мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳия, шӯъбаи ҳифзи муҳити зист, раёсати байторӣ  ва ҷамоати шаҳраку деҳот  дар маҳаллаю деҳаҳо, кӯчаю бозорҳо гузаронида шуданд.          Аз ҷумла, дар ҷамоати Хонақоҳи Кӯҳӣ, Ҳисор, Деҳқонобод, Навобод, Хонақоҳ, Қарамқул  оиди пешгирӣ аз  ифлосшавии соҳилҳои  дарёю ҷӯйборҳо,  баровардани партовҳо  ва пешгирӣ намудани  бемориҳои сироятӣ санҷишҳо гузаронида, раисони ҷамоату шаҳраку деҳот вазифадор  шуданд, ки  барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешида, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро  ҷоннок намоянд.          Алҳол,  аз ҷониби маркази назорати давлатии санитарӣ- эпидемиологии ноҳия санҷиши ҳолати  тозагии дӯкону бозорҳо, ошхонаю марказҳои хӯроки умумӣ, муассисаҳои коммуналӣ, мактабҳо ва нуқтаҳои тиббӣ  идома дорад.

Октябрь 26, 2010 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд