ВУРУДИ ВОЯ БАР ЗИДДИ ГЕПАТИТИ «В»
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- 17 октябри соли 2010 Агентии байналмилалии ҳамкории Ҷопон (JICA), дар доираи Лоиҳаи кӯмаки техникии Ҳукумати Ҷопон ба Маркази профилактикии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон 77000 воя бар зидди гепатити В барои татбиқу васеъ намудани Барномаи эмкунӣ дар ҶТ оварданд. Лоиҳаи мазкури кӯмаки техникии Ҳукумати Ҷопон барои беҳ гардидани фаъолияти Вазорати тандурустии ҶТ дар соҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак, коҳиш додани беморӣ ва фавти модару кӯдак дар ҶТ равона шудааст. Бояд зикр намуд, ки кӯмаки JICA ҳарсола буда, аз соли 2002 инҷониб ба воситаи UNICEF дар Тоҷикистон чор намуди воя барои дастгирию васеъ намудани Барномаи эмкунӣ дар Тоҷикистон оварда шудааст. Инҳо воя бар зидди бемории сил (БЦЖ), гулӯзиндонак, шахшавӣ ва сулфаи кабудак (АКДС), фалаҷ (ОПВ), ҳамчунин, воя бар зидди гепатити В мебошанд. Давомнокии эмкунии даври сеюми лоиҳаи мазкур 5 сол идома меёбад ва буҷаи солонаи он ба 40 млн. йени ҷопонӣ (муодили 400 ҳазор доллари ИМА) баробар аст.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






