ЗАБОН – БАҚОИ ДАВЛАТ

Октябрь 7, 2010 11:50

Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Бахшида ба таҷлили иди забон дар Кохи фарҳангии ноҳияи Восеъ вохӯрӣ бо барандаи ҷоизаи ИЖТ, муовини аввали директори Муассисаи давлатии ТВ «Баҳористон», узви Иттифоқи Нависандагони ҶТ ва Иттифоқи журналистони ҶТ Садриддин Ҳасанзода ва узви Итифоқи нависандагон ва журналистони Тоҷикистон Нозир Ёдгорӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Валиев ва зиёиён, хонандагони омӯзишгоҳ ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳия ширкат варзиданд. Сӯҳбат ва саволу ҷавоби ҳозирин дар атрофи бурду бохти забони давлатӣ дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар ва азму талоши Сарвари давлат аз пойдории забони тоҷикӣ,  вазъи имрӯзаи забони тоҷикӣ ва коргузорӣ дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия сурат гирифт.

Октябрь 7, 2010 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд