ЗАХИРАҲОИ ЭКОЛОГИИ ФАРОМАРЗӢ СОЗИШКОРОНА ИСТИФОДА ШАВАНД

Октябрь 20, 2010 13:55

       Душанбе, 20 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияии доимии Ассамблеяи байнипарлумонии  Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС оид ба масъалаҳои сиёсати агросаноатӣ ва истифодаи табиату экология таҳти сарварии Анатолий Васков- узви Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия  оид ба захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист доир шуд.       Дар ҷаласа хусусиятҳои мушкилоти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи намунавии санади қонунгузорӣ «Оид ба ҳудудҳои махсусҳифзшавандаи табиии кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС, лоиҳаи тавсиявии мутобиқсозии қонунгузории кишварҳои аъзо дар соҳаи ҳамкории давлатҳо ҳангоми садамаҳои саноатии фаромарзӣ, ҳифз ва истифодаи дарёҳову кӯлҳои фаромарзӣ мавриди  баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокдорони ҷаласа роҷеъ ба масъалаҳои зикршуда, иброз назар намуда, доир ба ҳалли мушкилоти вобаста ба вазъи экологӣ, истифодаи оқилона ва созишкоронаи захираҳои табиӣ, бахусус истифодаи оби дарёҳои фаромарзӣ пешниҳодҳои самарабахш баён карданд.

Октябрь 20, 2010 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд