ЗАХИРАҲОИ ЭКОЛОГИИ ФАРОМАРЗӢ СОЗИШКОРОНА ИСТИФОДА ШАВАНД
Душанбе, 20 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияии доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС оид ба масъалаҳои сиёсати агросаноатӣ ва истифодаи табиату экология таҳти сарварии Анатолий Васков- узви Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист доир шуд. Дар ҷаласа хусусиятҳои мушкилоти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи намунавии санади қонунгузорӣ «Оид ба ҳудудҳои махсусҳифзшавандаи табиии кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС, лоиҳаи тавсиявии мутобиқсозии қонунгузории кишварҳои аъзо дар соҳаи ҳамкории давлатҳо ҳангоми садамаҳои саноатии фаромарзӣ, ҳифз ва истифодаи дарёҳову кӯлҳои фаромарзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокдорони ҷаласа роҷеъ ба масъалаҳои зикршуда, иброз назар намуда, доир ба ҳалли мушкилоти вобаста ба вазъи экологӣ, истифодаи оқилона ва созишкоронаи захираҳои табиӣ, бахусус истифодаи оби дарёҳои фаромарзӣ пешниҳодҳои самарабахш баён карданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






