ҚАБУЛИ ОРТОФОТОПЛАН ДАР МАСОҲАТИ 14590 КМ МУРАББАЪ
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар асоси шартномаи байни «Лоиҳаи бақайдгирии системаи кадастри замин» — (ЛБСКЗ) ва Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии «Фазо» дар 10 моҳи соли 2010 дар масоҳати 2445 км мураббаъ ва аз аввали татбиқи лоиҳа (19 .09. 2005) дар масоҳати 14 ҳазору 590 км мураббаъ ортофотопланҳо — (суратҳои аз фазо гирифташуда, ки масоҳати заминро муайян мекунанд) коркард шуда аз тарафи комиссияи санҷиши лоиҳа қабул шудааст,- иброз дошт директори Маркази татбиқи лоиҳа Маҳмудҷон Хабиров ба мухбири АМИТ «Ховар». Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, аз 26 – уми январи соли 2010 дар бораи ҷорӣ намудани системаи нави моҳворавии координатҳо бо мақсади кадастри замин ба имзо расонидааст, ки барои васеъ намудани фаъолияти лоиҳа дар бахшҳои корҳои геодезӣ, нақшакашӣ ва харитасозӣ аҳамияти калон дошта, барои истифодаи воситаҳои электронии лоиҳа имкониятҳои бештарро фароҳам овард. Ҳоло марказҳои минтақавии кадастри замини лоиҳа аз системаи нави координатҳо ба таври васеъ истифода мебаранд. Бо сабаби зиёд гардидани ҳаҷми корҳои заминсозӣ ва зиёд шудани ноҳияҳои пилотӣ дар 7 маркази кадастри замини минтақавии лоиҳа 21 нафар заминсозони нав ба кор қабул шуданд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






