ҲАМОИШ ОИД БА МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ

Ноябрь 3, 2010 15:20

Суғд, 3 ноябр.(АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-Имрӯз дар   маҷлисгоҳи Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони «Пули муҳоҷиратии байни Осиёи Марказӣ ва Русия: таъсири бӯҳрони иқтисодӣ ва дурнамои инкишоф»  корашро оғоз намуд. Дар ҳамоиш олимони варзида аз кишварҳои Русия,Ҷопон, Эрон, Қазоқистон ва Тоҷикистон ширкат доранд. Ҳадаф аз иштироки муҳаққиқону коршиносон аз давлатҳои хориҷи дур, аз қабили Ҷопон, дар кори конфронси мазкур аз он иборат  аст, ки масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ имрӯз ба мушкилоти на танҳо минтақавӣ, балки ба проблемаи сатҳи ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст. Ба ақидаи онҳо, ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ  аслан ҳалли масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳо мебошад. Ҳамоиши байналмилалӣ    фардо низ кори худро дар се бахш идома медиҳад.  

Ноябрь 3, 2010 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад