ҲАМОИШ ОИД БА МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
Суғд, 3 ноябр.(АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-Имрӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони «Пули муҳоҷиратии байни Осиёи Марказӣ ва Русия: таъсири бӯҳрони иқтисодӣ ва дурнамои инкишоф» корашро оғоз намуд. Дар ҳамоиш олимони варзида аз кишварҳои Русия,Ҷопон, Эрон, Қазоқистон ва Тоҷикистон ширкат доранд. Ҳадаф аз иштироки муҳаққиқону коршиносон аз давлатҳои хориҷи дур, аз қабили Ҷопон, дар кори конфронси мазкур аз он иборат аст, ки масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ имрӯз ба мушкилоти на танҳо минтақавӣ, балки ба проблемаи сатҳи ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст. Ба ақидаи онҳо, ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ аслан ҳалли масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳо мебошад. Ҳамоиши байналмилалӣ фардо низ кори худро дар се бахш идома медиҳад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






