ҲАВОИ ГАРМУ БЕБОРИШИ РӮЗҲОИ ИД

Ноябрь 4, 2010 16:27

Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Рӯзҳои 6,7 ва   8 ноябри соли  ҷорӣ, ки дар ҷумҳурӣ ҳамчун рӯзҳои иду истироҳат  эълон шудаанд, дар  кишвар ҳавои  софу бебориш ва гарм дар назар дошта шудааст.  Ҳамзамон, рӯзи 5 ноябр каме сард шудани ҳаво дар назар дошта шуда, дар пойтахт ва минтақаҳои шимолии мамлакат мумкин аст борон борад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази ҳавошиносии Муассисаи давлатии бодуҳавосанҷии ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева хабар дод.  Пагоҳ, 5 ноябр ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд 10 дараҷа гарм, дар вилояти Хатлон 12 дараҷа,дар ноҳияҳои тобеи марказ 12 дараҷа гарм , дар ғарби ВМКБ то 8 дараҷа ва дар қисмати шарқи он то 5 дараҷа гарм мешавад. Дар Душанбе   ҳарорати ҳаво то 14 дараҷа гарм мешавад.  

Ноябрь 4, 2010 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад