ҶАЛАСАИ АЪЗОИ СҲШ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Сардори раёсати иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Давлаталӣ Назриев 22 ноябри соли ҷорӣ дар маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ бо хабарнигорони ВАО-и ватаниву хориҷии дар Тоҷикистон қарордошта нишаст доир намуд. Нишаст ба ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои (сарвазирон) кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхайи дар пеш истода бахшида шуда буд. Д. Назриев иттилоъ дод, ки 25 ноябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои (сарвазирон) кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар кори он сарвазирони Ҷумҳурии Қазоқистон К. К. Масимов, Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии мардумии Чин Вэн Тсзябао, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева, Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия В.В. Путин, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва муовини сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. Хоҷаев иштирок менамоянд, баргузор мегардад. Ӯ, ҳамчунин, иброз дошт, ки ҳайати давлатҳои аъзо дар рафти ҷаласа оид ба вазъи кунунии сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳамчунин, оид ба масоили таъмини сулҳу оромӣ ва амният дар минтақаҳои СҲШ мубодилаи афкор намуда, вазъи дурнамои рушди тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкориҳои башардӯстона дар чаҳорчӯби Созмонро баррасӣ менамояд. Сардори раёсати Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳоро ба ҳузур мепазирад. Ӯ, ҳамчунин, қайд намуд, ки дар чаҳорчӯби ҷаласаи мазкур вохӯриҳои алоҳида ва дуҷонибаи Президент ва сарвазири мамлакат бо роҳбарони ҳайатҳо дар назар аст. Дар идома намояндаи идораи сиёсати хориҷии кишвар хабар дод, ки дар ин рӯзҳо ташрифи расмӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд ва аз рӯи натиҷаҳои он тарафҳо ҳуҷҷатҳои зиёдро оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо мерасонанд. Дар арафаи сафари мазкур ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор мегардад. Дар рафти сафари расмии Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии мардумии Чин Вэн Тсзябао мулоқот ва гуфтушунид доир мегардад, ки дар натиҷа ҳуҷҷатҳои ҳамкории дуҷониба ба имзо мерасанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд






