ҶАЛАСАИ АЪЗОИ СҲШ ДАР ДУШАНБЕ

Ноябрь 23, 2010 16:37

Душанбе,  23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Сардори раёсати иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Давлаталӣ Назриев 22 ноябри соли ҷорӣ дар маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ бо хабарнигорони ВАО-и ватаниву хориҷии дар Тоҷикистон қарордошта нишаст доир намуд. Нишаст ба ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои (сарвазирон) кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхайи дар пеш истода бахшида шуда буд.  Д. Назриев иттилоъ дод, ки 25 ноябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои (сарвазирон) кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар кори он сарвазирони Ҷумҳурии Қазоқистон К. К. Масимов, Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии мардумии Чин Вэн Тсзябао, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева, Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия В.В. Путин, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва муовини сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. Хоҷаев иштирок менамоянд, баргузор мегардад. Ӯ, ҳамчунин, иброз дошт, ки ҳайати давлатҳои аъзо дар рафти ҷаласа оид ба вазъи кунунии сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳамчунин, оид ба масоили таъмини сулҳу оромӣ ва амният дар минтақаҳои СҲШ мубодилаи афкор намуда, вазъи дурнамои рушди тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкориҳои башардӯстона дар чаҳорчӯби Созмонро баррасӣ менамояд.     Сардори раёсати Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳоро ба ҳузур мепазирад. Ӯ, ҳамчунин, қайд намуд, ки дар чаҳорчӯби ҷаласаи мазкур вохӯриҳои алоҳида ва дуҷонибаи Президент ва сарвазири мамлакат бо роҳбарони ҳайатҳо дар назар аст.    Дар идома намояндаи идораи сиёсати хориҷии кишвар хабар дод, ки дар ин рӯзҳо ташрифи расмӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд ва аз рӯи натиҷаҳои он тарафҳо ҳуҷҷатҳои зиёдро оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо мерасонанд. Дар арафаи сафари мазкур ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор мегардад.            Дар рафти сафари расмии Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии мардумии Чин Вэн Тсзябао мулоқот ва гуфтушунид доир мегардад, ки дар  натиҷа ҳуҷҷатҳои ҳамкории дуҷониба ба имзо мерасанд.  

Ноябрь 23, 2010 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд