ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ МУВАҚҚАТИИ ЭКОЛОГИИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН

Ноябрь 12, 2010 17:48

Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз ҷаласаи панҷуми комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.             Дар ҷаласа масъалаи  муҳими экологӣ ва васоити ахбори омма мавриди баррасии аъзои комиссияи экологӣ қарор гирифт.             Аз рӯи масъалаи мазкур коршиноси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон, мудири кафедраи донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ансор Ниёзов баромад намуда, оид ба инъикоси вазъи экологӣ дар васоити ахбори омма маълумоти мукаммал дод.             Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои комиссияи экологӣ Саиди Ёқубзод, Ҷумъабой Сангинов, Шоди Шабдолов баромад намуда, оид ба сабабҳои асосии заифӣ дар истодагарии иттилоотии васоити ахбори омма ва масоили экологӣ, сиёсати обӣ ва гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлил ва таҳқиқи фазои иттилоотӣ дар атрофии масоили экологӣ, кор бо васоити ахбори хусусӣ, вазъи баъзе аз веб-захираҳо дар мақомоти ҳокимияти давлатии кишвар, ибрози назар намуданд.             Дар ҷаласаи комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаи маскур қарори дахлдор қабул карда шуд.                       

Ноябрь 12, 2010 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад