ҶАРАЁНИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ САРОНИ ҲУКУМАТҲОИ СҲШ

Ноябрь 25, 2010 12:18

Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Ин лаҳзаҳо ҷаласаи сарони Ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар «Касри Сомон» идома дорад. Мулоқоти сарони ҳукуматҳо дар ҳайати маҳдуд анҷом ёфта, айни ҳол ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои созмон бо иштироки намояндагони давлатҳои нозир ва меҳмонон дар ҳайати васеъ гузашта истодааст. Ҷаласаи васеи сарони ҳукуматҳои Созмони Ҳамкории Шанхайро Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов оғоз бахшида, аз иштироки меҳмонон дар ин ҷаласаи муҳими сиёсии минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ кард.  Ба хамин тартиб, намояндагони дигар кишварҳо бо навбат суханронӣ намуда, вобаста ба проблемаҳои муҳими минтақа андешаҳояшонро иброз намуда истодаанд. Тавре иштирокдорони ҷаласа зикр карданд, дар шароите, ки аксари кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ  ба бӯҳрони молӣ дучоранд, мебояд ҳамаи кишварҳо, хоса кишварҳои узви СҲШ барномаҳои муҳими иқтисодии минтақаро ба роҳ монда, дар заминаи он бобати васеъ намудани имконияти иқтисодии кишварҳои минтақа тадбирҳо андешанд.  Ҳамчунин, ҳайати давлатҳо дар рафти ин ҷаласа вазъи кунунии сиёсии минтақа ва таъмини сулҳу оромиро мавриди баррасӣ қарор дода истодаанд.    Ёдовар мешавем, ки дар кори  ин ҷаласа, ҳамчунин намояндагони давлатҳои нозири созмон, аз ҷумла Ноиби аввали Президенти Эрон Муҳаммадризо Раҳимӣ, Сарвазири Покистон Саид Ризо Гелонӣ, вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ҳиндустон Сушив Кумар Шинде, вазири корҳои хориҷии Муғулистон Гомбожалв Зандамшатарм, инчунин ба сифати меҳмон Ноиби Президенти Афғонистон Халилӣ иштирок ва суханронӣ мекунанд. Дар назар аст, ки баъди ин ҷаласа маросими ба имзо расонидани як қатор ҳуҷҷатҳо ва нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Ноябрь 25, 2010 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад