АЗ УСТОХОНА ТО КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТӢ
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои мудири бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ф. Фозилов, Корхонаи воҳиди давлатии заводҳои протезию ортопедии (КВД ЗПО) Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар байни солҳои 1942- 2010 нӯҳ маротиба ивази ном кардааст. Боис ба ёдоварист, ки 18 –уми апрели соли 1942 аз сабаби зиёд шудани маҷрӯҳони ҶБВ дар шаҳри Душанбе устохонаи маҳсулоти протезию ортопедӣ таъсис дода шуд. Соли 1963 ин устохона ба корхонаи протезбарории Вазорати таъминоти иҷтимоӣ сабти ном шуд. Соли 2000 – ум ба ин корхона мақоми нав – Корхонаи давлатии ҷумҳуриявии заводи узвҳои ориятӣ дода шуд. Аз соли 2001 корхона бо унвони Корхонаи давлатии заводи протезию ортопедии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ номгузорӣ гардид ва ниҳоят соли 2007 он номи Корхонаи воҳиди давлатии заводи протезию ортопедии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷиратро гирифтааст. Ҳоло дар Корхонаи воҳиди давлатии заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе 65 нафар коргарони баландихтисос кор мекунанд, ки 20 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Корхона, ҳамчунин, дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хоруғ ва Хуҷанд филиалҳои худро дорад ва дар як сол беш аз 4 ҳазор ҷуфт пойафзол барои маъюбон истеҳсол менамоянд.








ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад






