БИР САТҲИ КАМБИЗОАТИИ ТОҶИКИСТОНРО ЧӢ ГУНА АРЗЁБӢ МЕКУНАД?
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 29 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти вазорат бо ҳайати намояндагони Бонки Исломии Рушд таҳти роҳбарии менеҷери Раёсати фонди ҳамбастагӣ барои рушд Муҳаммад Сафиуллоҳ Мансур баргузор гардид. Ҳайати намояндагони Бонки Исломии Рушд дар ҷараёни мулоқот оид ба таҳлил ва рафти татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010-2012 таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Дар Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадафи аслии ташрифи намояндагони БИР ба вазорат ҷамъоварӣ намудани маълумоти зарурӣ барои таҳияи маҷаллаи «Арзёбии сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон», ки он ҳамасола аз ҷониби Бонки Исломии Рушд нашр мегардад, мебошад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






