ДАР 10 МОҲ 36 МЛН СОМОНӢ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Коркарди ҳосили пахтаи соли 2009 – 2010 дар шаҳри Ваҳдат босуръат пеш меравад,- иброз дошт роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар корхонаи пахтатозакунии шаҳр аллакай 450 тонна нахи пахта, 600 тонна чигити тухмӣ, беш аз 40 тонна линт, 9 тонна улюк истеҳсол шудааст. Бо назардошти соҳаи хусусӣ дар шаҳр ба маблағи 36 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст. Дар корхонаҳои расман ба қайд гирифташудаи тавлидкунандаи молҳои саноатӣ наздик ба 15 млн. маҳсулот истеҳсол гардидааст. Дар корхонаҳои саноатии шаҳр 50 ҳазору 874 метри мукааб карамзит, 404 ҳазор нусхабланкаҳо, 993 рулон симтӯр, 2 млн. 487 ҳазор дона хишт, 114 тонна нон ва маҳсулоти қаннодӣ, 1871 тонна орд, 21 ҳазору 641 тонна ангишт, 303 ҳазор метри тӯлонӣ трубаи полиэтиленӣ, 648 тонна арматур, 5803 тонна рег ва 5150 метри мукааб шағал истеҳсол шудааст.








ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад






