ИДИ ҚУРБОН КАЙ ҶАШН ГИРИФТА МЕШАВАД?

Ноябрь 9, 2010 15:08

Душанбе, 7 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои мусулмонии ҷаҳон 16 ноябри соли 2010 ҷашн гирифта мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази исломии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Қарори марбута оид ба муайян кардани рӯзи Иди Қурбон 9 ноябр дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Марказии исломии Тоҷикистон Сайидмукаррами Абдулқодир бо иштироки имомхатибони масҷидҳои ҷомеаи ҷумҳурӣ доир шуд, қабул гардид. Назар ба иттилои корманди масъули Маркази исломии Тоҷикистон Раҳматулло Саъдуллоев,  16 ноябр соати 7-30 дакиқа дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози иди Қурбон гузошта мешавад. Дар рӯзи Иди Қурбон мардуми мусулмон дастархони идона ороста, ба дидорбинии волидайн, хешу табор, аёдати пирони барҷомонда, ятимону бепарасторон ва беморон рафта, иди Қурбонро муборак мегӯянд, дуою фотеҳа хонда, тӯҳфаҳо тақдим месозанд. Инчунин, дар ин рӯз мардум ба қабристонҳо рафта, дар сари қабри гузаштагони худ дуою фотеҳа хонда, рӯҳу арвоҳи  гузаштагонро шод мегардонанд. Яке аз фазилатҳои асосии Иди Қурбон ин қурбонӣ кардан аст. Дар Тоҷикистон асосан барои қурбонӣ кардан чорвои фарбеҳ ва беиллат ба мисли гов, гӯсфанд ва буз истифода шуда, аз се як қисми гӯшти қурбониро ба барҷомондагон ва  камбизоатон тақсим менамоянд. Ба ҷо овардани маросими ҳаҷи фарзӣ,  яке аз рукнҳои асосии дини мубини Ислом буда, баргузории он дар арафаи Иди Қурбон рост меояд. Мавриди зикр аст, ки дар соли равон беш аз 5 ҳазор зойирини тоҷик ҷиҳати ба ҷо овардани маросими ҳаҷи фарзӣ ба Макка сафар карданд. Бозгашти нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистони Саудӣ ба ватан 22 ноябр оғоз ёфта, 7 декабр анҷом меёбад.

Ноябрь 9, 2010 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид